РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе таҳти унвони “Проблемаҳои инкишофи сайёҳии дохилӣ дар замони муосир” ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид

1-уми ноябри соли равон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар толори ошиёнаи сеюми бинои асосӣ, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Проблемаҳои инкишофи сайёҳии дохилӣ дар замони муосир” баргузор гардид. Дар Ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар кори конференсия меҳмонон Одилзода Дилбар, муовини раиси шаҳри Душанбе, Холматиён Рустам, муовини аввали Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаббатов Холназар, доктори илмҳои география, Диловаров Раҳматшо, профессор, Ёров Ҷамшед, номзади илмҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқон донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

Пеш аз оғози конфронс ташрифовардагон аз дастовардҳои раёсати донишгоҳ, ки дар саҳни бинои асосӣ ба маърази намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда бо дастовардҳои донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

Конференсияро Дониёр Сангинзод, профессор, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ифтитоҳ намуда, зимнан сухани муқаддимавии ректори донишгоҳро ба самъи ҳозирин расонид.

Инчунин дар конференсияи масъалаҳои мубрами рӯз аз зумраи “Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар куҳсори Фон”, “Имкониятҳо ва дурнамоии рушди сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди сайёҳии дохилӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар”, “Роҳҳои таъмини рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои инноватсионӣ” ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram