РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб филиали кафедраи режиссура ва продюсерӣ таъсис ёфт

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб филиали кафедраи режиссура ва продюсерии факултети санъати театрӣ ва режиссураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъсис гардид. Дар ин хусус аз донишкада хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи ин кафедра гуфта шуд, ки мардуми фарҳангдӯсти шаҳри Кӯлоб ҳамеша барои пешрафти илму маориф ва санъату ҳунар кӯшиш намуда, суннатҳои фарҳанги миллии тоҷиконро пос медоранд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тазаккур дода шуд, ки «мо бояд ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ,  тарбияи кадрҳои соҳа ва истифодаи самарабахши неруи фарҳангиву маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».

Аз ин рӯ, Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати театрӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб филиали кафедраи режиссура ва продюсерии факултети санъати театрӣ ва режиссураро ташкил намуд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз‚ пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ‚ ҳисси миллии мардум‚ махсусан наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида‚ дар ташаккули маънавиёти ҷомеа‚ ватанпарастиву расидан ба қадри неъмати бебаҳо–Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири амиқ мерасонад.

«Аз ин лиҳоз, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош намоянд. Ҳамчунин дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъминоти методию техникии раванди таҳсил, таҳия намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ, омода намудани кадрҳои ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ саҳми муносиб гузоранд», — иброз дошт ӯ.

Ба истифода додани филиали кафедраи режиссура ва продюсерии факултети санъати театрӣ ва режиссураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар назди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии донишҷӯён дар амал татбиқ гарданд.

Тавассути чунин раванди фаъолият донишҷӯёни донишкада метавонанд таҷрибаи истеҳсолӣ ва дипломии худро ривоҷу равнақ диҳанд.

Аз ҷониби роҳбарияти донишкада ба филиал китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва адабиёти тахассусӣ туҳфа шуд.

Роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки аз соли нави хониш аз рӯи ихтисоси «Актёри театри мусиқӣ» довталабонро ба донишкада қабул намояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram