РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти 16-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Корея” иштирок кард

1 ноябри соли 2023 дар шаҳри Ашқобод Нишасти 16-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати тоҷикистонӣ дидгоҳи кишварро роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзори муассир баён намуд.

Дар ҳошияи Форуми ҳамкорӣ шаш ҷаласаи тахассусӣ дар бахшҳои нақлиёт ва логистика, тандурустӣ ва тиб, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ, илму маориф ва сайёҳӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масоили мубрами рӯзномаи нишаст, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор карданд. 

Дар фарҷоми ҷаласа, Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва Нақшаи кории Котиботи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” барои соли 2024 қабул гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram