Рӯзҳои 2-3 ноябри соли 2023 дар шаҳри Руми Ҷумҳурии Италия Иҷлосияи 33-юми Ассамблеяи генералии Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ИККРОМ) баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо иштирок намуд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Дар ин иҷлосия бо пешниҳод ва овоздиҳии кишварҳои узв директори генералии ин ниҳоди байналмилалӣ интихоб ва номзадҳо ба узвияти Шӯрои он дохил карда шуданд.
Маврид ба зикр мебошад, ки ИККРОМ дар асоси пешниҳоди Конфронси генералии ЮНЕСКО соли 1956 дар шаҳри Деҳлӣ таъсис дода шудааст. Пас аз 3 сол қароргоҳи он дар Ҷумҳурии Италия ифтитоҳ гардида, то имрӯз фаъолият дорад. Самти аввалиндараҷаи фаъолияти ИККРОМ – ин омӯзиш, таҳқиқ ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ буда, оид ба ин масоил ҳамасола зиёда аз 20 курси омӯзишӣ баргузор намуда, ҳамаи хароҷотро аз ҳисоби худ пардохт менамояд. Инчунин ИККРОМ дорои калонтарин китобхонаи электронии соҳаи осорхонашиносӣ буда, ҳамаи донишҷӯёну мутахассисон ва олимони соҳаи мазкур метавонанд аз он пурра истифода намоянд. То имрӯз 137 кишвари олам аъзои ИККРОМ гардидаанд.
Дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид. Ин дастоварди беназири соҳаи осорхонашиносии мамлакат имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ аз зумраи тармимгарон, таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар курсҳои кӯтоҳмуддати байналмилалӣ иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии хешро мукаммал гардонанд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ИККРОМ Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» тавонист бори нахуст дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз 18 сентябр то 6 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)» машғулияти байналмилалӣ ташкил ва баргузор намояд.
Дар ин машғулияти байналмилалӣ намояндагони осорхонаҳои зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон минҷумла, осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, мутахассисони ботаҷриба аз кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия ба онҳо дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузарониданд.
Ҳамчунин дар ин муддат директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо нахуст бо намояндаи ИККРОМ Томас Мераз Кастано ва Директори генералии он Веббер Ндоро мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, баргузор намудани машғулиятҳои ин ниҳод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Осорхонаи миллӣ дар чорабиниҳои он, инчунин дар оянда густариш додани робитаҳо дар дигар самтҳо баррасӣ намуданд.
Васеъ намудани доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИККРОМ имкон медиҳад, ки кормандони осорхонаҳо ва дигар ниҳодҳои марбут ҳифҳзу тармими осори таърихиву фарҳангӣ дар машғулиятҳо, курсҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои ин ниҳоди байналмилалӣ иштирок намуда, дониши худро мукаммал намоянд ва дар самти ҳифзи осори ниёгон саҳми назаррас гузоранд.