РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чорабинии идона баргузор гардид

бахшида ба рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чорабинии идона бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои таркибии вазорат баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин зимни баромади худ қайд кард, ки бо иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва татбиқ гардидани меъёри конститутсионӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқиву ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.

Ҳадафи асосиву ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.

Дар айни замон, ин амр баёнгари моҳият ва мазмуни демократии Конститутсия ва мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ба маврид аст аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шавем: “Дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонанд истиқлоли миллӣ ва амнияти давлату ҷомеаи моро халалдор созанд, мо бояд ба эҳтироми Конститутсия ва риояи ҳатмии меъёрҳои он ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем”.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин ҳозиринро ба муносибати Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати сарнавиштсозу бахтномаи миллат мебошад, табрик гуфта, барояшон хушбахтиву саодат ва рўзгори ободу осударо орзу намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram