РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе таҳти унвони «Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик» китоби Фарҳод Раҳимӣ муаррифӣ гардид

Имрӯз 21 ноябр дар Маркази «Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик» муаррифӣ гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Шамсия Зубайдӣ хабар дод.

Дар китоб фаъолияти сиёсӣ, илмӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, он аз 10 мақола иборат аст.

Дар сарсухани муаллиф омадааст, ки «дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста намудаанд».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram