РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ОГОҲӢ! 3 рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борону барф дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 22-23 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора номусоид гардидани вазъи ҳаво пешгӯӣ шуда, борон (бо гузариш ба барф) ба амал меояд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон борони бошиддат ба амал меояд.

Ба иттилои агентӣ, 23-24 ноябр дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ин рӯзҳо бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳолат ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёт намоянд. Кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро пешакӣ омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram