РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: “Вожагони нави тоҷикибунёд”

Дар шаҳри Душанбе бо номи “Вожагони нави тоҷикибунёд” китоби нав нашр шуд, ки мураттиби он Пирмаҳмад Нуров мебошад. Дар ин бора аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.

Гуфта шудааст, ки дар  вожанома  беш  аз  4000  куҳнавожаҳои  камкорбурд  ва  вожаҳои нави тоҷикибунёд ва маъниҳои луғавии онҳо зимни  мушоҳидаи  муаллиф  нисбат ба ҳодисаву рӯйдод ва падидаҳои табиат, шунидаҳо, хондаҳо, ҳамчунин зимни сохтани  намунаҳои тоҷикии вожагони илмию техникии русӣ (англисӣ) гирдоварӣ ва мавриди  баррасии умум қарор дода шудаанд. Вожаҳои нав дар  заминаи  вожаҳои  бунёдан тоҷикӣ сохта  шудаанд  ва  метавонанд  ба  таркиби луғавии  забони  тоҷикӣ  ворид  шуда,  ҳиссаи  вожагони  тоҷикибунёдро дар  захирои  умумии луғавии  забони  тоҷикӣ  афзун  гардонанд.

Дар пешгуфтори он аз ҷумла мехонем: “Забони  миллати  тоҷик,  яъне  забони  порсии  дарӣ,  ки  минбаъд  бо  номи  «забони  тоҷики»  машҳур  гардидааст,  яке  аз  қадимтарин  забонҳом  дунё ва  ғанотарин  забон  аз  нигоҳи  луғавӣ  аст. Маҳз   бо  шарофати  ниёгони  барӯманди  тоҷик ин  забони  латифу  зебо  борҳо  аз кўраи озмоишҳои  басе  сахти  таърихӣ берун  оварда  шуда, нигаҳдорӣ  ва  бегазанд  ба  насли  оянда интиқол  дода  шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram