РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо муассисаҳои Ҳиндустон баррасӣ шуд

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 23 ноябр масъалаҳои ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба, омӯзиши забонҳо ва ба имзо расонидани созишномаҳо байни донишгоҳ ва муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ҳиндустон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Зимни мулоқоти ректор Жило Гулназарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх вобаста ба мавзуъҳои ироашуда пешниҳодоти судманд манзур шуданд.

Ректор изҳор дошт, ки барои таҳсилу забономӯзии донишҷӯён дар донишгоҳ шароити зарурӣ муҳайё буда, ба онҳо омӯзгорони соҳибзабон ва мутахассисони варзидаи забони ҳиндӣ таълим медиҳанд.

Сафир Вираҷ Сингх аз пазироии самимонаи тоҷикона изҳори хушнудӣ намуда, пешниҳодоти судманду муҳими роҳбарияти муассисаро ҷиҳати омӯзиши забону фарҳанги ду давлати ба ҳам дӯст –Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҷонибдорӣ ва иброз намуд, ки ба татбиқ гардидани онҳо мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram