РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати фарҳанг бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ барномаи пуршукӯҳи идона баргузор кард

23 ноябри соли 2023 бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат барномаи пуршукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Маросими идонаро Вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат оғоз намуда, ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфт.

Зимни сухани табрикотӣ Давлатзода Зулфия оиди таърихи парчам, мафҳуму моҳият ва мавқеи он дар давлату давлатдорӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму таблиғи ҳисси баланди худшиносӣ ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ ибрози андеша намуд: «Парчами давлатии Тоҷикистон дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассумгари гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат мебошад ва он дар иҷлосияи 16-уми Шурои олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид. Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини бунёдгузории сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт».

Давлатзода Зулфия таъкид дошт, ки: «Мо тоҷикон бояд ҳамеша Парчами миллии хеш, ки муқаддасот ва баёнгари ормонҳои миллиамон маҳсуб меёбад, нигаҳдорӣ ва ҳифз намоем. Зеро яке аз хусусиятҳои муҳимтарини Парчам ба ҳам овардани мардум, даъват ба муттаҳидӣ ва рамзи соҳибистиқлолии кишвар аст. Бигзор парчами давлати мо ҳамеша барафрошта ва давлату миллатамон то абад зиндаю поянда бошад!»

Дар охир бо барномаи пуршукӯҳи консертӣ ва зери қарсакҳои пурмавҷи ҳозирин Рӯзи фархундаи Парчами миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram