РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об баргузор шуд

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ва гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, аз ҷумла лоиҳаи такмилёфтаи Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, сохтори дастурии механизми ҳамоҳангсозии соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Консепсия оид ба воридсозии чорабиниҳои нақшаҳои ҳавзавии идоракунии захираҳои об ба барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram