РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон дар Кувайт ва Қазоқистон таҷлил гардиданд

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба муносибати Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷи мамлакат хабар доданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло зимни суханронӣ ҳозиринро бо ин ҷашнҳои фархунда табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба аҳаммияти арзишҳои волои санади сарнавиштсоз, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ ва инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид намуд.

Ҳамзамон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид.

Чорабинии мазкурро сафир Хайрулло Ибодзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд намуд, ки Парчами давлатӣ тамоми тоҷиконро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва сайъу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram