РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Свердловск Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар шаҳри Душанбе бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати дарҳои кушод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор  шуд. Дар доираи форум Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти Свердловски Федератсияи Русия оид ба амалисозии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, иҷтимоиёту гуманитарӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев суҳбати дуҷониба анҷом дода,  ҷиҳати рушд додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия ибрози андеша намуданд.

Бояд гуфт, ки  бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни тамоми шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон ва Русия  сол ба сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram