РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе вобаста ба таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар занҷираи истеҳсолӣ машварат баргузор гардид

27 ноябр дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар занҷираи истеҳсолӣ» машварати ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар доданд.

Машварат бо мақсади омӯзиш ва таҳлил намудани масъалаҳои мустаҳкам намудани назорати раванди занҷираи истеҳсолӣ, пешгирии ҳолатҳои ба бозорҳои истеъмолӣ ворид намудани маҳсулоти пастсифат, мукаммал гардонидани таъмини низоми идораи давлатии бехатарии озуқаворӣ, риояи стандартҳои бехатарии байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои савдои байнидавлатии маҳсулоти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сиҳатии аҳолӣ доир шуд.

Дар машварат дар мавзуъҳои «Саҳми Кумитаи  бехатарии  озуқаворӣ дар таъмини сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Татбиқи чораҳои фитосанитарӣ — гарави фаровонҳосилӣ», «Эминии эпизоотологӣ ва бехатарии озуқаворӣ», «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ- омили таъмини бехатарии маҳсулот», «Роҳҳои пешгирии заҳролудшавӣ аз маҳсулоти озуқаворӣ», «Вазъи эпизоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи эпизоотӣ нисбат ба бемории илтиҳоби гиреҳии пӯсти чорвои калони шохдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Бемории брутселлёз: мушкилот, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо он», «Хавфҳои таъсиррасон ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити равандҳои номуайяни сиёсати агроозуқавории ҷаҳони имрӯза» аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Иштирокдорон вобаста ба мавзуи машварат баёни андеша намуда, баргузор намудани чунин машваратро дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат- таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва такмили сатҳи донишу таҷрибаи мутахассисони соҳаи комплекси агросаноатӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram