РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо волии вилояти Измири Туркия мулоқот кард

30 ноябри соли 2023 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов зимни сафари корӣ ба вилояти Измир бо Волии вилоят Сулейман Элбан мулоқот анҷом намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти иқтисодию тиҷоратӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram