РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат: «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя намоем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram