РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок менамояд

Имрўз Раиси  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуд. Дар ин бора аз Мачлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ин сафар Маҳмадтоир Зокирзодаро Раиси комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим намояндагони зиёда аз 140 мақомоти миллии парлумонӣ иштирок менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram