РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар вохӯрии сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон ва Украина иштирок кард

5 декабри соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон ва Украина бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Саидов иштирок кард. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.

Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистону Украина бо Ӯзбекистон дар заминаи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷи муносибатҳои дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуда, саҳм ва нақши сарони ду давлатро дар рушди муносибатҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид намуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва сайёҳии байни кишварҳо тасдиқ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram