РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Чин ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд

Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Имрӯз зимни сафар ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ мулоқот намуданд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи ДМТ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баён намуда, ҳамзамон ҷиҳати омӯзиши забони хитоӣ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, дар робита ба беҳтар намудани барномаҳои муштарак андешаҳои судманд баён доштанд.

Зимнан гуфта шуд, ки ҷаласаи 14-уми Шурои роҳбарони Донишкадаи Конфутсий, ки дар нақша аст, дар рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram