РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Хизматчиёни давлатӣ соҳиби хонаҳои хизматӣ гардиданд

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон соҳиби хонаҳои хизматӣ гардиданд. Дар ин бора аз МИҲД-и Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар чорабинии тантанавӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ва муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ҳамаи хизматчиёни давлатиро ҷиҳати соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданашон табрику муборакбод гуфта, қайд доштанд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ барои хизматчиёни давлатӣ шароитҳои беҳтару хубтар фароҳам оварда хоҳад шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ калидҳои хонаҳои истиқоматӣ ба соҳибонашон супорида шуданд.

Хизматчиёни давлатӣ дар навбати худ миннатдории самимии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram