РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP28 нақшаи муфассали маблағгузории иқлимро муаррифӣ кард

5 декабри соли 2023 дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP28 нақшаи муфассали маблағгузории иқлимро дар як чорабинии канории сатҳи баланд муаррифӣ кард. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи ин чорабинӣ нишон додани стратегияи Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои Саҳми милии муайяншуда (СММ) ва саҳмгузорӣ ба ҳадафҳои глобалии Созишномаи Париж буд.

Намояндагони сатҳи баланди созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилал (USAID), Шарикии ССММ (NDC Partnership) ва дигарон ба ин чорабинӣ ҳамроҳ шуданд, то бардоштҳо ва дарсҳои омӯхтаи маблағгузории иқлимро мубодила кунанд.

Муҳокимаҳо ба масъалаи муҳими маблағгузории иқлим барои татбиқи СММ дар Тоҷикистон мавриди назар қарор гирифт.

Ҳадафҳои ин чорабинӣ муаррифии Нақшаи маблағгузории иқлими миллии Тоҷикистон, муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ бо шарикон ва мусоидат намудан ба табодули дониш дар соҳаи сармоягузории иқлимро дарбар мегирифт.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон сухани ифтитоҳӣ намуданд.

Дар чорабинӣ аҳамияти ҳамкорӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқлим таъкид карда шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тағйири иқлим ва истифодаи дастгирии байналмилалӣ барои рушди устувор нишон дода шудааст.

Тавассути ин чорабинии Тоҷикистон ва шариконаш роҳро барои ҳалли самараноки маблағгузории иқлимӣ боз карда, пешрафтро ба сӯи ояндаи устувор суръат бахшиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram