РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Корея бо кор таъмин карда шаванд

Ҳайати намояндагони вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея ва Хадамоти иттилоотии шуғли Корея аз 5 то 8 декабри соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳанд. Ҳайати мазкурро рӯзи аввал вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои омода намудани мутахассисонро барои кор дар Ҷумҳурии Кория мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас дар маҷлисгоҳи вазорат таҳти роҳбарии муовини вазир Нодирӣ Шаҳноза мулоқоти роҳбарони сохторҳои вазорат бо ҳайати меҳмонон аз Корея сурат гирифта, рунамоҳо аз фаъолияти сохторҳои вазорат пешниҳод гардид.

Ҷиҳати шиносоии бештар бо фаъолияти муассисаҳо оид ба омода кардани қувваи корӣ ҷиҳати кор дар хориҷи кишвар ҳайати Ҷумҳурии Корея аз МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Коллеҷи муҳандисию омӯзгорию шаҳри Душанбе” дидан намуданд.

Инчунин, ҳайати мазкур бо масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир намуда, бо фаъолияти Маркази саломатии №15 шинос гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram