РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Латвия машваратҳои сиёсӣ доир карданд

6-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия таҳти роҳбарии сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва Улдис Микутс, мудири якуми Департаменти муносибатҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳои сиёсӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, нақлиёт, амнияти минтақавӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ИА ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагӣ ва рағбати хешро баҳри густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳама соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак иброз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram