РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ ба фаъолият оғоз кард

Ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтисосҳои дандонпизишкӣ ду синфхонаи таълимӣ, Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ барои кафедраи стоматологияи ортопедия ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи синфхонаю озмоишгоҳи нави таълимӣ ва синфхонаи камераҳои назоратӣ роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳ ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба садорат ва масъулини факултет дар самти дуруст амалӣ мондани корҳои таълимию методӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тавсияҳои судманд дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмоишгоҳ 6 дастгоҳи стоматологӣ бо курсии стаматологии ширкати «Apple», мизи кории табибон, ҷевон барои доруҳо ва ҳуҷҷатҳо, дастгоҳи визиограф барои ташхиси рентгенологии дандонҳо, дасгоҳи скалери ултрасадоӣ ва аэрофло барои тозакунӣ ва сафедкунии дандонҳо, дастгоҳҳои эндомотор ва микроматор барои пармакунии дандонҳо, дастгоҳи апекслокатор барои чен намудани дарозии дандон мавҷуд аст.

Дар ҳуҷраи безараргардонӣ дастгоҳҳои автоклав барои безараргардонии асбоби стоматологӣ, ҷевони безараргардонии барқӣ, дистилятор ва дастгоҳ барои тоза намудан ва молидани равған ба пайканакҳои дастгоҳи стаматологӣ ва ғайра ҷойгир шудааст.

Дар ҳуҷраҳои безараргардонӣ ва озмоишгоҳҳои таълимию табобатӣ тамоми намуди асбоби стаматологӣ барои табобати бемориҳои бофтаҳо, сохти дандонҳо ва пардаи луобии даҳон омода намуда  шудааст. Дар ҷевон доруҳо барои табобат, масолеҳ барои пломбакунии дандонҳо ва дигар намуди асбоб барои гузаронидани дарсҳои амалӣ омода шудаанд.

Баъд аз ифтитоҳи ин марказҳо ректори донишгоҳ дар вохӯрӣ бо устодону кормандони факултети тиббӣ масъулинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти синфхонаву озмоишгоҳ ва иҷрои корҳои илмӣ-таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, фаъолияти онро назаррас амалӣ намоянд. Синфхонаҳои таълимӣ, Озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонӣ барои муҳассилини ихтисоси дандонпизишкии факултети тиббӣ имконияти бештари омӯзишро фароҳам месозад.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 дар мамлакат «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) эълон гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram