РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бо мақсади омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид

Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулаҳмадзода Зулфиқор муовини якуми Фраксияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамсидинзода Мавзуна муовини раиси Кумитаи аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.

Нахуст чорабиниро Раиси Кумита Муминзод Камолиддин ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолият, аз ҷумла дастоварду пешравиҳои ноилгардидаи халқи Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон қайд намудан дар давраи солҳои 2018-2023, 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки моро мебояд дар кору фаъолияти ҳамарузаи худ пайваста чораҳои заруриро ба роҳ монда барои бозҳам пешрафту тарақии кишвари азизамон бо пайрави аз сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат кушиш намоем.

​Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ барои фаъолияти дастаҷамъона ҷиҳати иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои хизматӣ, ҳисси баланди ватандустиву ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram