РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Феҳристи мунтахаби осори хаттии Осорхонаи миллии Тоҷикистон чоп шуд

Феҳристи мунтахаби осори хаттии Осорхонаи миллии Тоҷикистон (асрҳои ХIV-ХХ), қисми 1-ум ба нашр расид. Дар китоб феҳристи муфассали 140 нусхаи мунтахаби дастнавис, китобҳои чопи сангӣ ва ҳуҷҷатҳои нодири Осорхонаи миллии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин феҳрист натиҷаи таҳқиқоти чандинсолаи муаллиф Муҳаммадҷон Мусозода аз рӯи коллексияи мероси хаттии муассиса маҳсуб мешавад. Дар қисми нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ қадимтарин нусхаҳои Осорхонаи миллӣ муаррифӣ гардиданд.

Инчунин маълумоти намунаҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои таърихӣ бо матни бардошташуда оварда шудааст. Маҷмуи нусхаҳои ин феҳрист дар асоси даврабандии таърихӣ ва вижагиҳои ҳунарӣ ҷобаҷогузорӣ гардидааст.

Феҳрист бо кумак ва дастгирии директори «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Иброҳимзода чоп гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram