РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир гардид

Имрӯз, 25-уми январи соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорат, аъзои ҳайати мушовара кормандони дастгоҳи марказӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки санаи мазкур аз соли 2012 дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид ворид шуда, ҳамасола кормандони соҳаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин рӯзро таҷлил менамоянд ва аз дастовардҳову вазифаҳои минбаъда дар фаъолият ёдовар мешаванд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа кормандони соҳаи меҳнатро ба иди касбӣ самимона табрику таҳният гуфта, собиқадорон ва кормандони фаъоли системаи вазорат ба мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram