РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Халон. бахшида ба иди Сада чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид

Ба ин муносибат субҳи имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба иди Сада чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар тантанаи идона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, меҳмонон ва фаъолону деҳқонони асил иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо афроштани гулхан ҳамчун рамзи нуру гармӣ ва рамзи ҷашни Сада оғоз гардид.

Нахуст, муҳтарам Давлаталӣ Саид ва ҳайати меҳмонон аз намоиши маҳсулоти донагӣ, кишоварзӣ ва нониву таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, техникаи соҳаи кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Доирадастону карнайнавозону найнавозон зери унвони «Корвони шодмонии Сада» намоишномаеро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Сипас, дар назди фаъолону барзгарони вилоят раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, зикр карданд, ки боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми кӯҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Зикр гардид, ки соли сипаригардидаро мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ менамоянд.

Раиси вилоят барои саҳми арзанда гузоштани кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани дастурхони мардум, истифодаи пурсамари заминҳои кишт, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва расидан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар соли 2023 ба деҳқонон, кормандони комплекси агросаноатӣ ва кулли сокинони вилоят изҳори ташаккур намуданд.

Сипас, дар рафти чорабинӣ ба як қатор заҳматкашони беҳтаринҳои сол ва фаъолоне, ки саҳми хешро дар натиҷаҳои дастовардҳои соли 2023 гузоштаанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram