РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Соли 2024 дар Тоҷикистон фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ ба 100 фоиз расонида мешавад

Соли 2023 фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ дар Тоҷикистон  ба 83, 4% расонида шуд. То анҷоми пурраи «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»  фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ   дар мамлакат ба 100 фоиз  расонида мешавад. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Тибқи иттилои Раиси Кумита, ҳоло дар соҳаи телевизион ва радиои мамлакат ду барномаи муҳими давлатӣ – «Барномаи давлатии рушди телевизион  ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди пахши телевизони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024»  татбиқ мегардад.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Телерадиоком» соли 2023 ҷиҳати амалӣ намудани марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар истгоҳҳои радиотелевизионие, ки тибқи нақша бояд фиристандаҳои рақамӣ насб гарданд, корҳои омодагиву таъмири биноҳои техникӣ ва санҷиши хатти барқро пурра анҷом дод.

Инчунин, гуфта шуд, ки барои татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони «Телерадиоком» барои 14 истгоҳи радиотелевизионӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Ғеш ва Дашти Ар-Ари ноҳияи Муъминобод, Овозкўҳи ноҳияи Нуробод, Мотравн ва  Даштаки ноҳияи Ванҷ, Саричашма, Даштиҷум, Порвор ва Кафтари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, Шитами ноҳияи Шуғнон ва Баррўшони ноҳияи Рўшон биноҳои техникӣ барои нигоҳдории фиристандаҳои рақамӣ ва манораҳои телевизионии аз 12 то 18-метра бунёд гардид.

«Яке аз ҳадафҳои муҳими «Барномаи давлатии рушди телевизион  ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тайёр намудани журналистони барномаҳои муаллифӣ, рўзноманигорони соҳавӣ ва сенариянависон маҳсуб шуда, дар ин самт соли 2023   «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»  20 машғулияти омӯзишӣ, 14 машғулияти тахассусӣ ва 6 машғулияти соҳавӣ гузаронид. Дар машғулиятҳо 313 нафар корманди эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва нашриёти даврӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат шуданд»,- иброз гардид дар нишасти матбуотӣ.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram