РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Данғара оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президент бо сокинону фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор шуд

29 январи соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси ноҳияи Данғара — Раҳмон Исломиддин Хайриддин, таҳлилгари масоили сиёсӣ– Абдулло Раҳнамо ва Вакили Маҷлиси Намояндагон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии тавзеҳотӣ иброз гардид, ки ҳамасола дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ва ин ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ — сиёсӣ, роҳнамоикунанда ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ ва рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ заминаи устувор мегузорад.

Ҳар як Паёми солона тибқи вазифа, мақсаду маром ва хусусиятҳои хоси худ марбут ба марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат буда, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик, миёнамуҳлат, инчунин имкониятҳои рушди устувору бонизоми давлату ҷомеаи алоҳида, ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар появу заминаҳои асосноки илмӣ ҷой дода мешаванд. Дар Паёмҳои ҳамасола ҷамъбасти ин барномаҳо ва натиҷаҳои бадастомада қайд гардида, баҳодиҳии айниву зеҳнии татбиқи нақшаҳои пешин, бо муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушд ифода мегарданд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки аҳамияти дигари Паёми солонаи Президент аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешаванд; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram