РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пагоҳ нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа баргузор мегардад

31 январ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти алоқа соати 08:00 (хиёбони Рӯдакӣ, 57, ошёнаи 2)  баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 09:00 дар  маҷлисгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.

Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соати 09:00 баргузор мешавад.

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 14:00 гузаронида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram