РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори ҷашни Сада ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори яке аз ҷашнҳои бостонии халқи тоҷик – Сада ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Сада-таҷассумгари анъанаҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар кори ҳамоиши илмӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Раҳимӣ Дилшод, директори пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Аминов, мудири редаксияи фарҳанги мардумии тоҷики Энсиклопедияи миллии тоҷик Умарзода Фатҳулло, ходими пешбари шуъбаи этнологӣ ва антропологияи таърихии Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Мумина Шовалиева ва профессори Донишгоњи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Ғайратшо Роҳатов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ-назариявӣ аз ҷониби олимону пажуҳигарон мавзуъҳои “Сада — ҷашни бузургдошти оташу офтоб”, “Тафовути ҷашни Сада аз дигар ҷашну маросимҳои миллӣ”, “Анъанаҳои ҷашни Сада дар куҳистони Тоҷикистон то солҳои 80-уми асри XX”, “Ҷашни Сада дар ашъори шоирони форсу тоҷик”, “Ҷашни Сада ва эҳёи он дар замони истиқлолият” ва “Боқимондаҳои ҷашни Сада дар минтақаҳои куҳистон” дар шакли маърӯзаи илмӣ ироа гардиданд.

Дар охир миёни иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Сада –таҷассумгари анъанаҳои миллӣ» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram