РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири кулли Институти Гёте Йоҳаннес Эберт мулоқот кард

26 январи соли 2024 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири кулли Институти Гёте (Goethe-Institut) Йоҳаннес Эберт доир шуд.

Таҳкими омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон, идомаи ҳамкориҳои анъанавӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар ва такмили ихтисоси омӯзгорони соҳа бо мақсади рушди минбаъдаи раванди таълими забони олмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба имконияти боз кардани марказҳои забономӯзӣ ва имтиҳонсупории Институти Гёте дар яке аз марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ, ҳамзамон барои тақвияти фаъолияти марказҳои амалкунандаи омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.

Намояндагии дар шаҳри Тошканд қарордоштаи Институти Гёте ҳамчунин масъул барои Тоҷикистон мебошад. Боиси тазаккур аст, ки шуруъ аз соли 2010 Маркази забонмоӯзии Душанбе (SLZ) ба ҳайси шарики расмии Иститути Гёте дар Тошканд амал мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram