РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ ва муаррифӣ шуданд

30-юми январи соли 2024 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон, коршиносони соҳа ва масъулони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид.
Ҳадаф пеш аз ҳама дарёфти филмномаҳо ва истеъдодҳои ҷавон барои тақвияти истеҳсолот ва филмофарӣ дар соли 2024 мебошад.
Ба Питчинг-рӯнамоӣ 23 лоиҳаи синамоӣ пешниход гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ карда шуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ роҷеъ ба лоиҳаҳои синамоии рӯнамоигардида, ибрози андеша карда, баҳри такмилу беҳтар гардидани сатҳу сифати филмномаҳо ба соҳибқаламони ҷавон маслиҳатҳои муфид манузр намуданд.
Лоиҳаҳои муаррифишуда дар муддати 10 рӯзи кории тақвимӣ мавриди баррасию омӯзиши Комиссияи экспертӣ қарор гирифта, лоиҳаҳои ба талаботи филмбардорӣ муносиб инихоб ва ба Шурои бадеӣ пешниҳод мегарданд.
Хотирнишон менамоем, ки баргузории Питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ талаботи замон буда, барои тақвияти фаъолияти эҷодию истеҳсолии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва рушди минбаъдаи синамои ватанӣ зарур арзёбӣ мегардад.
Баргузории Питчинг-рӯйнамоии лоиҳаҳои синамоии навбатӣ 29-уми феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар назар дошта шудааст.
Мехоҳед ба олами филмбардорӣ ворид шаведу ҳунари худро сайқал диҳед, пас лоиҳаҳои худро ба Питчинг пешниҳод намуда, орузуи деринаатонро ҷомаи амал пӯшонед.
Лоиҳаҳои синамоӣ то 24-уми феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», кӯчаи Беҳзод, 25 ошёни дуюм, шуъбаи умумӣ қабул карда мешаванд.
Барои маълумоти бештар тавассути почтаи электронӣ ва ё телефонҳои зерин иртибот гирифта метавонед: e-mail: info@tojikfilm.tj
Тел: 221-71-50, 93-848-07-50

Маъмурияти «Тоҷикфилм»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram