1 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Сарвазир, вазири нафти Давлати Кувайт Имод Муҳаммад ал-Утайқӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкории соҳавӣ ва инчунин фаъол намудани нақши гурӯҳҳои корӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро баррасӣ намуданд.