РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба Рустам Ятимов автомобил туҳфа карда шуд

Ба дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов автомобили сабукрави «Toyota Carolla» тақдим гардид, хабар медиҳад сомонаи бошгоҳи «Истиқлол».

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии супоридани калиди автомобили нави тамғаи  «Toyota Carolla», соли барориаш 2023 ба дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Истиқлол» Рустам Ятимов баргузор гардид.

Рустам  Ятимов бо ҳунарнамоии  пурҷилояш  дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дили миллионҳо мухлисони футболро  шод намуда, сазовори чунин туҳфаи арзишманд гардид.

Аз ҷониби  роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Рустам Ятимов калиди мошинро директори генералии ширкати «Тоҷ Моторс», дилери расмии ширкати «Тойота» дар Тоҷикистон Аҳмадҷони Муҳаммад супорид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram