6 феврал дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов ҳамоиши вилоятӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстӣ-омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини бахшҳои идеологии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷомеашиносон, ходимони дин, бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, варзиш, фарҳанг, тандурустӣ, донишҷӯён, омӯзгорону устодон ва фаъолон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли оянда аз 30% то 40% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” аз ҷумлаи нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифаи ҳуқуқӣ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. «Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад», — гуфтааст Пешвои миллат.
Ҳамзамон, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат оид ба худкушию худсузӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, назорати гаштугузори кудакону наврасон, тарғибу ташфиқи сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар аёми иду маросимҳо, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон, воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ суханронӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.