РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандагони тоҷик дар Озмуни байналмилалии санъати фортепиано соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

5-14 январи соли 2024 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия Озмуни байналмилалии санъати фортепиано зери унвони «Maestoso» онлайн доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар озмуни мазкур 6 нафар хонандагони Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шањидӣ» — Камбарова Лола хонандаи синфи 10, Раҷабов Самир, Артикова Динара хонандагони синфи 3-юм, Масаидов Дониёр, Баҳодуров Шодмеҳр хонандагони синфи 6 ва Солиев Раҳимҷон хонандаи синфи 7-ум ширкат варзиданд.

Дар натиҷа шогирдони болозикр аз рўйи ихтисосҳои фортепиано ва кларнет ҷоизадорони озмуни байналмилалӣ гашта, аз ҷониби ҳайати ҳакамон — профессорони Консерваторияи шаҳри Қазон бо дипломҳои дараҷаи якум ва дуюм қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram