РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ маҷмуаи махсус нашр шуд

Соли 2023 Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ маҷмуаи махсус бо номи «Пойдорӣ ва устувории робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ»-ро нашр намуд. Чунин иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ҷамъият.

Гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ соли 2023 дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, кори ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар намудани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллияти миллии мамлакат, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилоти байналмилалии муқими Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун анҷом дод.

Иброз шуд, ки Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ якҷоя бо бисту чор Ҷамъияти дӯстии амалкунанда ва доираи васеи фаъолон чорабиниҳои асосии соли 2023 ба нақша гирифтаро иҷро намуда, дар ривоҷи дӯстиву ҳамкорӣ бо давлатҳо ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат саҳм гузошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram