РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи Тоҷикистон бо раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот кард

9 феврали соли 2024 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (10-13 июни 2024, Душанбе) ба раиси Маҷмаи Умумӣ тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram