РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам вохурӣ намуд

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 9 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам вохурӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Тавре зикр гардид, амнияти озуқа ва ғизои солим вазифаи 3-юми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, масъалаи амнияти озуқа ва ғизои солим ҳамчун самти афзалиятноки “Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030”дарҷ гардидааст. Дар раванди ҳалли ин масъалаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии меъёриро қабул намудаааст, ки айни замон онҳо фаъолият доранд.

Қайд карда шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) барномаи “Пешгирӣ ва табобати норасогии шадиди ғизоии миёна”-ро мувофиқи дастурамалҳои миллӣ аз соли 2017 инҷониб татбиқ карда истодааст.

Дигар самти ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид – ин ташкили ғизои мактабӣ мебошад, ки яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии он зина ба зина мустаҳкам гардида истодааст.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram