РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Созмони ҳамкории исломӣ ҳамкориҳоро дар соҳаи ҷавонон тақвият медиҳанд

8 феврали соли 2024 дар бинои Кумита мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Тариқ Алӣ Бахит баргузор гардид.
Мақсади баргузории мулоқоти мазкур шиносоӣ ва муҳокимаи масъалаҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳо буда, зимни он баргузории чорабиниҳо, таҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар навбати худ, муҳтарам Зулфиқор Гулаҳмадзода оид ба фаъолияти Кумита дар соҳаи кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди фаъолияти волонтёрӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маълумот пешниҳод намуданд.

Зимнан, аз ҷониби Тариқ Алӣ Бахит вобаста ба фаъолияти Созмони ҳамкории исломӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, ҷаноби Тариқ Алӣ Бахит пешниҳоди рушди ҳамкориро дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш миёни мақомотҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ намуд.
Дар интиҳо, ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба мувофиқа расиданд.
Мулоқоти мазкур бо ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram