Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон дар Душанбе мулоқот намуд. Дар ин аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод шуд. Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои тавсеи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд. Таъкид шуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни илму таҳқиқот ба сатҳи сифатан нав бароварда мешавад.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон амалӣ намудани ҳамкории судманди дуҷонибаро бо Шаҳраки Малик ибн Абдулазиз оид ба илм ва технология (Парки илмӣ-технологӣ), Донишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ ва Маҷмааи омӯзиши забони арабии Шоҳ Салмон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода барои ҳамкории мутақобилан манфиатбахш дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.
Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории илмии дуҷониба бо назардошти имконияти васеи ҳамкорӣ қаноатбахш нест. Аз ин рӯ он зарурати тавсеа ва тақвияти бештарро талаб менамояд. Изҳор гардид, ки лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳия шудааст ва дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.
Қобилҷон Хушвахтзода пешниҳод намуд, ки ҳамкории олимони тоҷик бо ҳамтоёни арабӣ дар самти илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ низ инкишоф дода шавад.