Ба ҳолати 1 январи соли 2024, дар ҳудуди Тоҷикистон 224 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд. Аз ин шумора 106 ширкат дар шаҳри Душанбе, 15 ширкат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 45 ширкат дар вилояти Суғд, 17 ширкат дар вилояти Хатлон ва 41 ширкат дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар соҳаи сайёҳӣ кор мебаранд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023, ки 12 феврали соли равон баргузор шуд, хабар доданд.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар Тоҷикистон 306 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 190 меҳмонхона, 34 хостел (меҳмонхонаи хурд) ва мотел (меҳмонхонаи хурди сарироҳӣ), 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва истироҳатгоҳи солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг (бошгоҳи тобистона барои сайёҳон) , 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
«Дар шаҳри Душанбе 36 меҳмонхона, 9 хостел, мотел ва дигар намуди меҳмонхона бо иқтидори 1925 ҳуҷра ва 3720 катҳои хоб ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд»,-гуфта шуд дар нишаст.