РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифт

Дар шаҳри Женева вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Эми Поуп баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ, хусусан татбиқи  амалии  лоиҳаҳои дуҷонибаро  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram