РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар мулоқоти вазир бо сафир масъалаи омӯзиши забони англисӣ ва лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону ИМА баррасӣ шуд

15 феврали соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза боз ҳам дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илм ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар навбати худ Мануэл Микаллер омодагии ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон ишора кард.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, барномаҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, нашри китобҳои дарсии забони англисӣ давра ба давра, омӯзиши забони англисӣ ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram