РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ОГОҲӢ! Аз 16 то 20 феврал дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад

Аз 16 то 20 феврал дар Тоҷикистон ҳавои сард шуда, борон борида,  ба барф табдил меёбад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши барфи шадид,  дар  роҳҳои кӯҳӣ барфтӯдаҳо ва яхбандӣ пешгӯӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо бе зарурат ба сафар набароянд, ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд ва аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, омода намудани ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, инчунин қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифодаи асбоби гармидиҳии барқӣ ва оташдонҳо қатъиян риоя намоянд.

Бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои мошингарди мамлакат, аз ҷумла дар Майхураи ноҳияи Варзоб ва километри 72-юми роҳи мошингарди «Душанбе — Айнӣ», инчунин дар роҳи мошингарди «Душанбе — Ванҷ» дидбонгоҳҳои мобилии шабонарӯзӣ ташкил шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram