РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Раиси вилоят бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «УЭТМ»-и Федератсияи Русия шинос шуд

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафар ба Федератсияи Русия бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «УЭТМ» шинос шуд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Бренди «УЭТМ» яке аз брендҳои маъруфи ҷаҳон буда, дар он таҷҳизоти барқӣ барои тавлид, интиқол, тақсими энергия истеҳсол мешавад, ки дар ҳама гуна шароити иқлими кураи Замин боэътимод кор бурда мешавад.

Таҷҳизоти ҶСК «УЭТМ» дар Русия, Қазоқистон, Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Миср, Австрия, Аргентина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бангладеш, Сурия, Туркия, Эрон, Муғулистон ва дигар давлатҳо дастрас ва харидорӣ мешавад.

Раиси вилояти Хатлон  бо гурӯҳи корӣ бо роҳбари корхонаи “Уралэлектротяжмаш” дар шаҳри Екатеринбург вохӯрӣ намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ  бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар даъват намуд.

Тибқи иттилоъ, ҶСК “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар дар як сол  ба  маблағи то 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Дар он ҳамасола қариб 300 трансформатори гуногунтамға истеҳсол мешавад.

Мутахассисони ҶСК “Трансформатор”-и шаҳри Бохтар дар кори  таъмиру навсозии трансформаторҳои таъмирталаб таҷрибаи бойи корӣ доранд. Он трансформаторҳое, ки аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо ба ин коргоҳ ворид мегарданд, сари вақт аз таъмир бароварда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram