РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият медиҳанд

15 феврали соли равон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии ҳайатҳои муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ўзбекистон Қаҳрамон Юлдошев бо мақсади баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва муҳокимаи самтҳои дар баррасии ҷонибҳо қарордошта мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар шахсон иштирок намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани корҳо оид ба бунёди «Боғи дустӣ», таъсиси Маркази хизматрасонии кишоварзии (AKIS) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, масъалаи шолипарварӣ дар Водии Зарин, ҳамкорӣ дар соҳаи навъсанҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариш ва коркарди шафран дар вилояти Суғд ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, таҳияи Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳои соҳаи кишоварзи барои солҳои 2024-2026 баррасӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram