РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорон ва тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбурги Русия вохӯрӣ намуд

Гурӯҳи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон бо роҳбарии Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар шаҳри  Екатеринбурги Федератсияи Русия бо соҳибкорон ва тоҷикони   муқими ин шаҳр  вохӯрӣ  намуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Ҳадаф аз ин вохӯрӣ гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз ҳолату вазъи имрӯзаи ҳамватанони мо дар хориҷи мамлакат  арзёбӣ шуд.

«Боиси хушнудист, ки муносибати дуҷонибаи стратегии Тоҷикистону Русия  густариш ёфта,  мулоқоти мунтазами сарони ду давлат барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад», -гуфта шуд дар вохӯрӣ.

Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъат гирифта, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани аҷдодӣ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Умуман дар соли 2023 суръати баланди рушд баробар ба 8,3% таъмин гардид.

Таъкид шуд, ки дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ хурду бузурги мамлакат бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои ободу зебо гардонидани ҳар гўшаи Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Соҳибкорони тоҷики муқимии Русия дар мулоқот изҳор доштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва пешгирӣ аз он сухан гуфтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram